Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Горбачёв аз нақши Солженитсин


Михаил Горбачёв, раҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Солженитсин, адиби маъруфи рус ва барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиётро аз дурахшонтарин шахсиятҳои фарҳангии ин кишвар тавсиф карда, аз ҷумла гуфт: “Ин як абардмард буд, абармарди фарҳанг ва адабиёт ва як нафари содиқ ба озодӣ ва адолат. Ва як марди мустақил. Ин аст, ки вай тавонист ҳама имтиҳонҳои зиндагиро пушти сар карда, аз худ чунин мероси бузурге ба ёдгор гузорад. Русия ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.”

Александр Солженитсин рӯзи якшанбе дар синни 89 оламро падруд гуфт.
Ҷанозаи ӯ рӯзи чорашнбе дар оромгоҳи дайри Донскойи шаҳри Маскав ба хок супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG