Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"5+1" рӯзи 6 август посухи Эронро баҳс хоҳад кард


Вазорати хориҷаи Амрико имрӯз гуфт, намояндагони 6 қудрати ҷаҳонӣ рӯзи чоршанбе дар як конфаронси телефонӣ посухи Эрон ба бастаи пешниҳодии 5 кишвари узви Шӯрои Амнияти СММ бо иловаи Олмонро баррасӣ хоҳанд кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Гонзалло Галлегос гуфт, агар аз ҷониби Эрон як посухи рӯшан дарёфт нашавад, “чорае ба ҷуз аз таъқиби роҳи муҷозоти бештар намемонад.”

Бастаи пешниҳодии 6 қудрати ҷаҳонӣ як силсила имтиёзҳои дипломативу иқтисодӣ дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми Эронро дар бар мегирад. Ба Эрон барои посух ба ин пешниҳод 2 ҳафта фурсат дода буданд, ки дар поёни ҳафтаи гузашта ба поён омад. Бино ба хабарҳо, Эрон посухаш ба ин пешниҳодро имрӯз ба мақомоти ИА дар Бруксел супурдааст.

XS
SM
MD
LG