Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии мардикорони узбак аз асорат дар Самара


Беш аз 40 мардикори узбак дар ҷараёни як амалиёти мақомоти интизомиву амниятӣ дар вилояти Самара аз асорати корфармоён раҳо ёфтаанд. Раҳбарони як корхонаи қанд дар Самара шиносномаҳои ин мардикоронро гирифта, ба онҳо бар иловаи хӯрду хӯрок, дар моҳ ҳамагӣ 300 рубл, муодили тақрибан 13 доллари амрикоӣ маош медоданд.

Мақомот мардикорони озодшударо ба далели вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия ҷарима баста, акнун дар садади ихроҷи онҳо ба Узбакистон будаанд.

XS
SM
MD
LG