Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйирот дар кобинаи вазирони Эрон


Маҷлиси ҳаштуми Шӯрои Исломӣ, парлумони Эрон, бо пешниҳоди раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод 3 узви ҷадиди кобинаи вазиронро тасдиқ кард. Муовини пешини вазири нафт Алӣ Курдон – вазири умури дохила ва Ҳамиди Беҳбаҳонӣ вазири нақлиёт таъйин шуданд. Шамсиддин Ҳусайнӣ, ки қаблан ҳамчун муовини вазири ҳифзи иҷтимоӣ ифои вазифа мекард, акнун ба симати вазири иқтисод гузашт.

Ин дар ҳолест, ки табдили батакрори аъзои кобина мояи интиқоди афзоянда аз сиёсати кадрии Аҳмадинажод шудааст.

XS
SM
MD
LG