Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яъқуби Мирниҳод эъдом шуд


Мақомоти Эрон ҳукми қатли хабарнигор Яъқуби Мирниҳодро, ки ба терроризм муттаҳам мешуд, иҷро кардаанд.

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон Алиризо Ҷамшедӣ гуфт, ки Яъқуби Мирниҳод рӯзи душанбе дар Зоҳидон эъдом шуд.

Мирниҳод хабарнигори рӯзномаи “Мардумсолорӣ”-и чопи Теҳрон буд ва асосан рӯи масоили омӯзиши атфол кор мекард.

Дар авоили соли ҷорӣ додгоҳ ӯро бо ҷурми ҳамдастӣ бо Ҷундуллоҳ, гурӯҳи ҷангии сунниҳои эронӣ, ба қатл маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG