Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми видоъ бо Александр Солженитсин


Сарвазири Русия, Владимир Путин дар расми видоъ бо Александр Солженитсин, 5 агусти соли 2008.
Сарвазири Русия, Владимир Путин дар расми видоъ бо Александр Солженитсин, 5 агусти соли 2008.

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Русия имрӯз дар зери борони сахт саф бастанд ва бо нависанда ва дигарандеши шаҳир Александр Солженитсин видоъ карданд.

Расми видоъ дар бинои Фарҳангистони улуми Русия ҷараён ёфт. Солженитсин шаби чоруми август дар синни 89-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт. Дар рӯзи вопасин видоъ бо нависанда дар Русия баҳсҳои марбут ба нақш ва саҳми Александр Солженитсин дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва адабии ин кишвар авҷ мегиранд.

Борони сахтеро, ки шаби гузашта сар шуда, тамоми рӯз беист идома кард, дар Маскав гиряи осмон ба марги Александр Солженитсин номиданд. Садҳо нафареро, ки пас аз лаҳзаҳои интизорӣ дар зери борон вориди толори Фарҳангистони улуми Русия мешуданд, шогирдони нависанда, ҳамсари ӯ -- Наталия, писарон ва наберагони Солженитсин пешвоз мегирифтанд ва худи нависанда дар тобути шамшодӣ зери парчами миллии Русия ва акси бузурги сиёҳусафеди худ ба хоби абад рафта буд. Болои сари ӯ посбонони ифтихорӣ меистоданд ва мусиқии мотам садо медод.

Гурӯҳе аз издиҳом пас аз ворид шудан ба толор онро тарк накард ва дар паҳлуи хешовандони нависанда қарор гирифт. Инҳо собиқ маҳбусони Гулаг буданд. Яке аз онҳо, Людмила Алексеевна мегӯяд, бознишастааст, аммо Шура, ки ҳамроҳи ӯ аз вилояти дурдасти Пенза худро бошитоб ба Маскав расондаанд, муаллимаи мактаб мебошад ва пайванди онҳо бо Солженитсин ин аст, ки низ машаққати гулагро кашидаанд. Вай меафзояд, баъд аз бозгашташ ба Русия Солженитсин аксари собиқадорони Гулагро ҷустуҷӯ ва пайдо карда, ба ҳар яки онҳо ки каме бештар аз 500 нафар мондаанд, 5 ҳазор рублӣ кӯмакпулӣ медод.

Зани дигари ҷавонтар мегӯяд, "аслан Солженитсин барои тамоми Русия хидматҳои бузург кард, зеро ҳақиқати лагерҳои столиниро фош намуд."

Бисёриҳо, агар на ҳамагон, Солженитсинро рамзи муқовимат ба тоталитаризм, пешвои маънавии дигарандешон мешуморанд, ки аз як рондашуда ба қаҳрамон, аз як нависанда ба як паёмбар табдил ёфт.

Аммо дар рӯзи маргаш ишораҳои интиқодӣ низ садо медиҳанд, ки ин паёмбар хеле дер ба Русия баргашт, беҳтар буд, агар дар замони Горбачев бармегашт ва шояд бо нуфузи худ таърихро ба самти дигар савқ медод. Нуктагирони дигар мегӯянд, Солженитсин пас аз бозгашташ худро дар хидмати давлат қарор дод ва аз ҷодаи дигарандешию мухолифат канор рафт.

Бо вуҷуди ҳамаи ин аксари шореҳон ҳамназаранд, ки осори адабии нависанда, китобҳое монанди "Як рӯз аз умри Иван Денисович", "Галаҷазираҳои Гулаг", "Чархи арғувон", "Дар доираи аввал" ва ғайра сарвати адабиёти ҷаҳониянд.

Як зани дигар, ки ба падруди Солженитсин омада буд, гуфт, "китобҳои ӯ дар бораи ваҳшат ва таъқиб нестанд. Онҳо ҳақиқати ҳаёти инсонҳоеро боз мекунанд, ки низоми давлат ононро шикастааст. Ин маънии бузурге дорад. Ва ӯ аввалин касе буд, ки холисона аз мардуми мо ба мо қисса кард, на аз давлати мо."

Барои осораш Солженитсин дар соли 1970 барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт шуд, аммо чор сол аз гирифтани ин ҷоиза худдорӣ кард, ба умеди он ки хоҳад тавонист, ба ватан, он вақт Иттиҳоди Шӯравӣ, баргардад. Фақат баъд аз он ки ӯро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум карданд, ҷоизаи Нобелро пазируфт.

Писари ӯ, Степан мегӯяд, падараш ба гунае фавтид, ки орзу мекард. "Зуд ва ногаҳон, бидуни бемории тӯлонӣ ва бистари бемористонҳо. Шом вазъи ӯ баҳам хӯрд ва нимишабӣ ин ҷаҳонро тарк кард..."

XS
SM
MD
LG