Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бино ба хабарҳо, Эрон ба "5+" посух додааст


Бино ба хабарҳо, Эрон посухаш ба бастаи пешниҳодҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки ваъдаи як силсила имтиёзоти дипломативу иқтисодӣ ба Эрон дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми он кишварро фаро мегирифт, ироа кардааст.

Хабаргузориии нимарасмии Форс Нюс гуфт, посухи Теҳрон тавассути сафираш дар Брукселл ба мақомоти ИА ироа шуд.

Ҷузъиёти бештаре дар ин бора ҳанӯз дастрас нест.

5 узви доимии ША СММ бо ҷамъи Олмон гуфта буданд, ки агар Эрон дар ивази ин бастаи имтиёзот фаъолиятҳои ғанисозиашро қатъ кунад, онҳо аз эъмоли таҳримоти шадидтар алайҳи ин кишвар худдорӣ хоҳанд варзид.

XS
SM
MD
LG