Пайвандҳои дастрасӣ

Раддубадалҳои нави лафзӣ байни Маскаву Тифлис


Як дипломати баландпояи Русия гуфт, дар сурати сар задани низоъ, Маскав аз шаҳрвандони Русия дар ҷумҳурии ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ дифоъ хоҳад кард. Хабаргузории Интерфакс ин ҳарфҳоро аз қавли Юрий Попов, як мақоми масъули вазорати умури хориҷаи Русия овардааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз ин вазорат Гурҷистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ дар Осетияи ҷанубӣ айбдор кард.

Гурҷистон ба навбаи худ нирӯҳои ҳомии сулҳи Русияро айбдор кард, ки ба ҷангиён аз Осетияи шимолӣ иҷозат медиҳанд, вориди Осетияи ҷанубӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG