Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафар бо Солженитсин видоъ гуфтанд


Имрӯз садҳо нафар дар Маскав бо ҷанозаи Александр Солженитсин, аз адибони маъруфи рус, видоъ гуфтанд.

Маросими видоъ бо ҷанозаи адиб субҳи имрӯз дар толори Фарҳангистони улуми Русия дар Маскав оғоз ёфт.

Солженитсин, ки тасвири зиндагӣ дар маҳбасҳои шӯравӣ шӯҳрати ҷаҳониаш овард ва ӯро барои 20 сол ба ғурбат афканд, рӯзи якшанбе, 3 август, дар синни 89 ба иллати сактаи қалб оламро падруд гуфт. Ҷанозаи барандаи ҷоизаи адабии Нобел дар соли 1970 ва муаллифи асарҳои оламгире, чун “Архипелаги ГУЛАГ”, “Як рӯзи Иван Денисович” ва “Чархи сурх” рӯзи чоршанбе, 6 август дар оромгоҳи дайри Донскойи шаҳри Маскав ба хок супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG