Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами Тоҷикистон - дар деҳаи Олимпии Пекин


Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон ба варзишгар Дилшод Назаров парчами кишварро месупорад
Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон ба варзишгар Дилшод Назаров парчами кишварро месупорад

То оғози Бозиҳои олимпии Пекин 2008 се рӯзи дигар мондааст. 5-уми август дар деҳаи олимпии пойтахти Чин шаҳри Пекин маросими барафрохта шудани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Мири деҳаи олимпӣ ҳайъати варзишии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфт.

Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба мизбонон барои пазироӣ ва фароҳам сохтани шароити зарурӣ изҳори сипос намуд. Вай, аз ҷумла, гуфт: «Аъзои ҳайъати варзишии кишвар кушоиши Бозиҳои олимпиро бесаброна интизоранд. Аз байни 15 варзишгари Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Пекин дар 8 навъи варзиш ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, мо, аз гуштигирону муштзанҳо ва, бахусус, парчамбардори ҳайъат гурзандози варзида Дилшод Назаров натоиҷи баландро чашмдорем. Умедворем, ки пас аз 16 сол варзишгарони мо соҳиби медалҳои олимпӣ хоҳанд шуд».

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар Пекин ба Олимпиада омодагӣ мебинад, рӯзи 8-уми август дар маросими кушоиши Бозиҳо дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и Пекин ширкат хоҳад кард. Дар ин маросим, инчунин, сарварони бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG