Пайвандҳои дастрасӣ

Истирдоди як зани покистонӣ ба Амрико


Як зани 36-солаи покистонӣ, ки бовар меравад, бо шабакаи Ал-Қоида иртибот дорад, аз Афғонистон ба Амрико мустарид карда шуд. Додситони минтақаи ҷанубии Ню-Йорк Михел Гарсиа гуфтааст, пулис Офия Сиддиқӣ, сокини собиқи Амрикова шаҳрванди Покистонро рӯзи 17 июл дар вилояти Ғазнӣ боздошт карда буд. Офия Сиддиқӣ тибқи ду банд – талоши ҳамла ва қасди куштори афсарон ва кормандони амрикоӣ муттаҳам мешавад. Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот, додгоҳи Амрико метавонад ӯро барои ҳар яке аз иттиҳомоти ворида то 20 сол равонаи зиндон кунад.

XS
SM
MD
LG