Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷануби Афғонистон 16 ҷангӣ кушта шуданд


Пулиси Афғонистон мегӯяд, даргириҳои ахир дар ҷануби ин кишвар 16 ҷангии Толибонро кушта ва чанд маъмури пулисро захмӣ барҷой гузошт. Хабаргузории Associated Press аз қавли Ҷумъагул Ҳиммат, раиси пулиси вилояти Урузгон навишт, ки нирӯҳои маҳалливу байналмилалӣ рӯзи душанбе дар наздикии маркази ин вилоят, шаҳри Тиринкот 11 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. 5 ҷангии дигари Толибон дирӯз дар вилояти Қандаҳор дар ҷараёни ҳамлаи ногаҳонии ҷангиён ба як посгоҳи пулис дар улусволии Панҷвайӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG