Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими видоъ бо ҷанозаи Солженитсин оғоз ёфт


Маросими видоъ бо ҷанозаи адиби маъруфи рус Александр Солженитсин имрӯз дар толори Фарҳангистони улуми Русия дар Маскав оғоз ёфт. Солженитсин, ки тасвири зиндагӣ дар маҳбасҳои шӯравӣ шӯҳрати ҷаҳониаш овард ва ӯро барои 20 сол ба ғурбат афканд, рӯзи якшанбе, 3 август, дар синни 89 ба иллати сактаи қалб оламро падруд гуфт. Ҷанозаи барандаи ҷоизаи адабии Нобел дар соли 1970 ва муаллифи асарҳои оламгире, чун “Архипелаги ГУЛАГ”, “Як рӯзи Иван Денисович” ва “Чархи сурх” рӯзи чоршанбе, 6 август дар оромгоҳи дайни Донскойи шаҳри Маскав ба хок супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG