Пайвандҳои дастрасӣ

UNICEF аз пайомадҳои манфии рушди Осиё ҳушдор дод


UNICEF, Сандуқи кӯдаки СММ дар гузориши ҷадидаш ҳушдор додааст, ки фарқи афзоянда байни сатҳи зиндагии мардуми сарватманд ва қашшоқ дар кишварҳои дар ҳоли рушди қораи Осиё, аз ҷумла дар Ҳинду Чин, бисёре аз модарону кӯдаконро дар паси девори фақр боқӣ гузоштааст.

Ин гузориш мегӯяд, беш аз 40 дарсад аз кӯдакони зери синни 5, ки дар соли 2006 дунёро падруд гуфтаанд, маҳз дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ба сар мебурданд.

Дар ин қаламрав аз ҳар 1000 кӯдак 59 нафараш то расидан ба синни 5 мефавтад. Ва асосан ба иллати бемориҳое, чун варами шуш, шикамрав ва камбуди ғизо.

XS
SM
MD
LG