Пайвандҳои дастрасӣ

Марги нависандаи маъруфи рус ва шӯравии собиқ Александ Солженитсин, дар сархатти нашри имрӯзи рӯзномаҳои ғарбӣ қарор дорад.

Рӯзномаи «Индепендент»-и Бритониё навиштааст, ки, дар ҳақиқат, чеҳраи Солженитсин дар Русияи шӯравӣ нақши хеле ҳам муассир дошт, зеро ӯ дар эҷодиёти худ парда аз рӯи зиндонҳои сталинӣ бардоштааст. Нашрия меафзояд, замони зиндонӣ ва дур аз ватан буданаш ин шахсияти камназир шикаста нашуд ва аз муҳоҷирати иҷборӣ 14 сол пеш ба Ватан баргашт, ҳарчанд дар Русияи нав ҷои худро пайдо карда натавонист ва дар гӯшаи хомӯши ҷомиъаи кишвар нопадид шуд.
Аммо нашрияи итолиёвии «Ле Стампа» дар робита ба Солқенитсин навиштааст, ки бисёриҳо ӯро абадзинда унвон мекарданд. Ба қавли рӯзнома, адиби маъруф ҳама мушкили таҳаммулнопазир, аз ҷумла инқилоб, ҷанг, ГУЛАГ, саратон, таъқиби КГБ ва бадарғаро, таҳаммул кард, аммо шояд ҳам худи ӯ чунин маргеро – дар Маскав, дар манзили худ ва аз шиддати марази қалб – тасаввур намекард.
Аммо рӯзномаи «Таймс»-и чопи Ландан ба мавзӯи бозиҳои олимпӣ бештар таваҷҷуҳ карда, навиштааст, ки мансабдорони инглисе, ки барои ширкат дар бозиҳои Олимпии Пекин сафар доштанд, ду ҳафта қабл ба хадамоти амниятӣ даъват шуда, ва расман ба онҳо иқдомоте дар мавриди ҳифозат аз ҷосусии мақомоти истихборотии Чинро омӯхтанд. Яке аз ин мансабдорон, ба таъйиди рӯзнома, гуфтааст, ки ба онҳо фаҳмонданд, то ба касе дар Пекин бовар ва эътимод накунанд, зеро дар Чин ҳар қадамашон зери назорати ҷосусҳои чинӣ аст. Ба навиштаи «Таймс», ҳарчанд шиъори бозиҳои олимпии Пекин 2008 «Як ҷаҳон ва як орзу» аст, аммо ҳамзамон миёни кишварҳо «бозии ҷосусӣ» ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол нашрияи олмонии «Шпигел» низ ба мавзӯъи бозиҳои олимпӣ рӯ овардааст – аммо ба бозиҳои олимпии 6 сол ба баъди зимистонаи Сочӣ. Рӯзнома менависад, дар пояи нақшаҳои бузурги сохтмонии иншоъоти олимпии Сочӣ, имкон аст, теъдоди бузурги сокинони ин минтақа аз манозили зист ва амволи хусусии худ маҳрум шаванд ва ба муҳоҷират мувоҷеҳ шаванд. Ба ишораи рӯзнома, феълан мақомот касеро муҳоҷир накардаанд, аммо танҳо барои ба дигар ҷо кӯч додани афроди алоҳида дастур додаанд, вале мардум мутмаъинанд, ки дер ё зуд дастури муҳоҷирати мансабдорон дари онҳоро низ хоҳад кӯфт ва онҳоро ба муҳоҷират маҷбур месозад.
Рӯзномаи «Таймс» инчунин қазияи як биологи ҷинояткорро қисса намудаст. Нашрия зикр кардааст, ки пас аз чанд ҳафтаи вуқӯъи ҳодисаи маъруфи 11-уми сентябри соли 2001 бо усули паҳн кардани вируси марази сиёҳзахм аз тариқи почта ин шахс ба Амрико даҳшат меафкандааст. Брюс Айвинс, навишааст «Таймс», бо иттиҳоми силсилакуштор айбдор мешуд ва аз сӯи мақомоти қудратӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, аммо вай чун ба сароҳат эҳсос мекард, ки бо ин ҷинояти содиркадааш, ӯро ҳукми қатл интизор аст, худкушӣ намуд ва ба лаҳзаҳои махуф ва зидду нақизи таърихи ҷинояти Амрико нуқта гузошт.
Ин усули даҳшатафкании (террори) Айвинс боиси густариши тарсу ваҳм дар ҷомиъа ва хароҷоти миллиондолларӣ аз буҷаи Амрико барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ҷиноёти ӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG