Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав бо Солженитсин видоъ мегӯяд


Имрӯз дар бинои Фарҳангистони улуми Русия маросими видоъ бо адиби маъруф ва барандаи ҷоизаи Нобел Александр Солженитсин баргузор мешавад. Муллифи қиссаву романҳои пурсару садо бар асари маризии дил дар синни 90-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Маскав аз дунё даргузашт. Қиссаву романҳои “Як рӯзи Иван Денисович”, “Архипелаг ГУЛАГ”, “Чархи Сурх”, “Чаҳордаҳуми август”, ки ба даҳшатҳои режими сталинӣ ва ҳақиқати инқилоби февралӣ бахшида шудаанд, ба Александр Солженитсин шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.

Ба иттилоъи пайвандони адиб, Александр Солженитсин рӯзи чаҳоршанбе дар оромгоҳи калисои Дони Маскав ба хок супурда хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки ин оромгоҳро худи адиб ҳанӯз панҷ сол қабл интихоб карда буд.

XS
SM
MD
LG