Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси якумрии қотили хабарнигор


Рӯзи душанбе додгоҳи шаҳри Бишкек қотили хабарнигори ҳафтавори «Вечерний Бишкек» Юрий Александров ва ҳамсари ӯро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Вакили додрасонӣ Толомуш Асилов эълон кард, ки Ринат Қазоқбоев, номзад ба устоди варзиш аз рӯи бокс, дар қатли журналист ва завҷаи вай гунаҳкор дониста шуд. Ба гуфтаи вакили додрасонӣ Ринат Қазоқбоев тибқи моддаи 97-уми қонуни кайфарии ҷумҳурии Қирғизистон ба чунин ҷазо маҳкум гардид.

Дар хулосаи айбномаи Ринат Қазоқбоев омадааст, ки вай 23 сол дошта ва тайи чанд муддат манзили Юрий Александровро ба иҷора гирифта буд. Гуфта мешавад, ки қотил ба манзури тасарруф кардани манзили журналист Александров ба ҷинояти гӯшношунид даст задааст. Аммо ба гуфтаи пайвандони мақтулон номзад ба устоди варзиш аз рӯи бокс Ринат Қазоқбоев нақши муҳофизи писари Юрий Александровро иҷро мекард.

Дар ҳамин ҳол сардабири нашрияи «Вечерний Бишкек» гуфтааст, ки журналист Юрий Александров аз хабарнигорони варзидаи ин нашрия маҳсуб мешуд. Бино ба ин манбаъ, қотили журналист мувофиқи ҷурми худ ба ҷазо маҳкум шуд ва ӯ чунин мешуморад, ки ин ҳукм дар доираи қонун сурат гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар як соли ахир ба қатл расидани журналист Юрий Александров дар Қирғизистон ҳодисаи ягона нест. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз қатли журналисти узбектабор Алишер Соҳибов беш аз 180 рӯз сипарӣ шуд, вале ҳанӯз маълум нест, ки қотили ин рӯзноманигори шинохта кист.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки агар қатли журналист Юрий Александров низ ҷанбаъи сиёсӣ медошт, ба гумон ходимони умури интизомӣ метавонистанд, қотили вайро дар чунин мӯҳлати кӯтоҳ пайдо ва ӯро ба ҷазо маҳкум кунанд.

XS
SM
MD
LG