Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати Солана ва Сайид Ҷалилӣ


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, сиёсатгузори умури хориҷаи ин иттиҳодия Хавиер Солана имрӯз доир ба барномаҳои атомии Эрон бо сарпарасти музокироти атомии ин кишвар Сайид Ҷалилӣ сӯҳбати телефонӣ доштааст. Доир ба мӯҳтавои гуфтӯгу хабаре нашр нашудааст. Як рӯз пеш аз ин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, Шӯрои Амният бояд таҳримот алайҳи Эронро шиддат бахшад, чун ин кишвар дар фурсати муқарраршуда, яъне 2 август ба бастаи пешниҳодии қудратҳои ҷаҳонӣ посух надодааст. Ин қудратҳо аз Эрон хостаанд, дар ивази бастаи имтиёзҳои иқтисодиву сиёсӣ фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад.
XS
SM
MD
LG