Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии шеваҳои мубориза бо HIV AIDS


Дар ҳамоиши ҷаҳонӣ дар мавриди бемории норасоии масӯнияти бадан, (ВИЧ СПИД) ки дар пойтахти Мексика идома дорад, имрӯз ба шеваҳои мубориза бо ин беморӣ дар кишварҳои фақир ва давлатманд тавваҷӯҳ мешавад. Дар ҳамоиш, ки шашрӯз идома хоҳад кард, масъалаи дастрасии беморон ба даво, талош ҷиҳати пешгирӣ аз тавсиаи вирус ва бемориҳои иҷтимоии вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор мегирад. Як рӯз пешш ҳангоми ифтитоҳи нишаст, Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз кишварҳои сарватманд хост ба аҳдҳои додаи худ ба Созмони Милал ва Гурӯҳи G8 содиқ монда ва то соли 2010 дастрасии комил ба доруҳои зидди бемории вируси норасоии масӯнияти баданд ва ё Эйч Ай Ви ЭЙДЗ- ро фароҳам кунанд. Дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ бештар аз 1500 нафар ба бемории мазкур мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG