Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргбор дар марзи Чин


Ба иттилоъи матбуоти давлатии Чин, бар асари ҳамла ба як посгоҳи марзӣ дар вилояти Шинҷон, 16 корманди пулиси ин вилоят кушта ва 16 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳамла субҳи имрӯз, 4 август ба вуқӯъ пайваста ва мояи нигаронӣ аз таъмини амнияти бозиҳои олимпиро шуд. Ба иттилоъи хабаргузории “Синхуа”, ду фарди мусаллаҳ савори мошини боркаше ба посгоҳ наздик шуда ва ба тарафи кормандони норинҷак партоб карда ва сипас бо корд ба онҳо дарафтодаанд. Он ҳардуро дар ҷараёни амалиёте дар наздикии шаҳри Қошғар боздошт кардаанд. Давлати Чин батакрор аз хатари террористии бузург дар Шинҷон вилояти умдатан мусулмоннишин ва ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳушдор додааст.

XS
SM
MD
LG