Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон силоҳи нав сохтааст


Давлати Эрон мегӯяд, чанде пеш як “силоҳи баҳрӣ” – иро озмоиш кардааст, ки қодир аст, ҳаргуна киштиро дар масофаи то 300 километр маҳв кунад. Хабаргузории “Форс” аз қавли Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ - фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ навиштааст, ки ин силоҳ сохти худи Эрон мебошад. Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки танишҳо бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон авҷ гирифтааст. Давлати Эрон ин ҳафта ба тақозои ғайрирасмии қудратҳои ҷаҳонӣ посух надод, ки ба Эрон дар ивази муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум як бастаи имтиёзҳои сиёсиву иқтисодӣ пешниҳод кардаанд.
XS
SM
MD
LG