Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони додраси Гиришк


Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон додраси шаҳри Гиришк кушта шуд. Ба иттилоъи шоҳидон, чанд каси ношинос тавассути мотосиклҳо ба назди додгоҳ омаданд ва баробари аз бино берун шудани додрас ӯро тирборон карданд.

Тибқи як хабари дигар аз Афғонистон, дар канори шаҳри Кобул дар роҳи корвони мошинҳои нерӯҳои байнулмилалӣ як бомб инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса як сарбоз кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG