Пайвандҳои дастрасӣ

Александр Солженитсин даргузашт


Александр Солженитсин адиби бузург ва муборизи маъруфи ҳифзи ҳуқуқи башар дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд

Александр Солженитсин адиби бузург ва муборизи маъруфи ҳифзи ҳуқуқи башар дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд

Александр Солженитсин, адиби маъруфи рус ва барандаи ҷоизаи Нобел, шаби гузашта бар асарии маризии дил дар синни 90-солагӣ аз дунё даргузашт.

Писари адиб Степан ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки адиб нимашаб дар манзилаш оламро тарк гуфт. Моҳҳои ахир Александр Солженитсин мариз буд ва аммо бо вуҷуди ин ҳамроҳи хонумаш Наталя куллиёташ иборат аз 30 ҷилдро таҳия мекард. Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ба пайвандони нависанда изҳори ҳамдардӣ кард.

Александр Солженицын 90 сол пеш дар шаҳри Кисловодск ба дунё омада буд. Ӯ ҳанӯз дар давраи ҷанги дуввуми ҷаҳон дар ҷабҳа ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди раҳоӣ аз лагерҳои сталинӣ ӯ дар як мактаби музофотӣ ба кудакон аз риёзиёт дарс медод. Солженитсин баъд аз нашри қиссаи аввалинаш “Як рӯзи Иван Денисивич” дар маҷаллаи “Новий мир” дар соли 1962 маъруф шуд. Дар ҳамон маҷалла бо ибтикори Александр Твардовский чанд ҳикояи ӯ низ нашр шуданд. Тайи солҳои 60 то 80-уми қарни гузашта Солженитсин аз муборизони фаъол алайҳи режими коммунистӣ буд.

Яке аз маъруфтарин асарҳои ӯ “Архипелаг ГУЛАГ” баъди он иншо гардид, ки маҳбусони сиёсӣ қиссаи “Як рӯзи Иван Денисович”-ро мутолиа карда хотироти худ аз мудҳиштарин лагерҳои шуравиро ба адиб фиристоданд. Барои ҳамин асар соли 1970 Александр Солженитсин ҷоизаи Нобелро соҳиб шуд. Чаҳор сол баъд ӯро аз Иттиҳоди Шӯравӣ хориҷ карданд. Адиб бо хонаводааш чанд муддат дар Порис ба сар бурд ва баъдан ба Амрико муҳоҷират кард ва дар вилояти Вермонт муқимӣ шуд. Дигар асари маъруфаш “Чархи сурх”-ро ӯ дар Вермонт навиштааст.

Баъд аз бозсозӣ Солженитсинро дар Иттиҳоди шуравӣ ба истилоҳ “афв” карданд ва бисёр асарҳои ӯ интишор ёфтанд. Авоили солҳои 90-ум ӯ дубора шаҳрвандии Русияро дарёфт кард. 27 майи соли 1994 ӯ аз Амрико ба Владивосток омад ва аз тариқи қатора сӯи Маскав раҳсипор шуд. Солҳои ахир адиби бузург дар манзилаш воқеъ дар минтақаи Троицо-Ликовои Маскав ба сар мебурд.

XS
SM
MD
LG