Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти эътирозгарон дар Катманду


Дар Катманду, пойтахти Непал тақрибан 300 тан аз ширкаткунадагони гирдиҳамоии зидди Чин боздошт шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, полис баъди аз чанд соат ҳамаи онҳоро раҳо кард. Ширкаткунадагони гирдиҳамоӣ - паноҳандагон аз Тибет дар назди консулгарии Чин ҷамъ омада талаб карданд, ки ба Тибет истиқлолият дода шавад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мақомоти Непалро барои маҳдудсозии ҷамъомадҳои паноҳандагони тибетӣ танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG