Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай бо Сингҳ музокирот мекунад


Имрӯз Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар Деҳлӣ бо сарвазири ҳинд Манмоҳан Сингҳ музокирот анҷом хоҳад дод. Мавзӯъи аслии музокирот – таҳкими ҳамкориҳо дар бахши амниятӣ эълон шудааст. Авоили моҳи гузашта бар асари инфиҷор дар канори сафорати Ҳиндустон дар Кобул 58 нафар кушта шуданд. Деҳлӣ ва Кобул дар ин ҳодиса хадамоти кашфи Покистонро айбдор карда буданд.

Дирӯз Ҳомиди Карзай масоили марбут бо мубориза бо терроризмро бо сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ баррасӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG