Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Ҳиндустон афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониён дар канори ибодатгоҳ дар аёлати Химичал-Прадеш, воқеъ дар шимоли Ҳиндустон ба 145 нафар расид. Ин ҳодиса бар асари шикастани девораи оҳанин дар роҳ сӯи ибодатгоҳ ва рух додани бесомонӣ миёни зоирин рух додааст. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бештари қурбониёни ин ҳодиса занону кудаконанд. Гуфта мешавад, ки зойирин ба ин ибодатгоҳ барои таҷлили ҷашни Шраван Навратрас мерафтанд. Раиси полиси маҳаллӣ ба хабаргузории Ассошейтед Пресс гуфтааст, ки айни ҳол мақомоти ҳифзи тартибот фақат ба наҷоти зойирин машғуланд ва тафтиши ҳодиса баъдан шурӯъ хоҳад шуд.
Тайи соли равон бори саввум аст, ки дар Ҳиндустон ин гуна ҳодиса рух медиҳад ва аммо барои нахустин бор теъдоди қурбониён ин қадар зиёд аст.

XS
SM
MD
LG