Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон шуд


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки ташдиди таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон ногузир аст. Ричард Греннел, намояндаи ҳайати ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, сарпечии Теҳрон аз қатъи ғанисозии ураниум комилан рушан шуд ва акнун Шӯрои амнияти СММ ба ҷуз ташдиди таҳримҳо чора надорад. Ахиран Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон дар мулоқот бо раҳбари Сурия Башор Асад дар Теҳрон бори дигар омодагии кишвараш ба музокирот бо Ғарбро таъкид кард ва аммо боз ҳам гуфт, ки Теҳрон ба ҳеҷ ваҷҳ аз идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ даст нахоҳад бардошт.

XS
SM
MD
LG