Пайвандҳои дастрасӣ

Солженитсин аз олам даргузашт


Александр Солженитсин, адиби маъруфи рус ва барандаи ҷоизаи Нобел бар асари маризии дил дар синни 90-солагӣ аз дунё даргузашт. Моҳҳои ахир Александр Солженитсин мариз буд ва аммо бо вуҷуди ин, ҳамроҳи хонумаш куллиёташ иборат аз 30 ҷилдро таҳия мекард. Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ба пайвандони нависанда изҳори ҳамдардӣ кард.

Александр Солженитсин баъд аз нашри қиссаи аввалинаш “Як рӯзи Иван Денисивич” дар маҷаллаи “Новий мир” дар соли 1962 маъруф шуд. Ӯ ҳамчунин муаллифи асарҳои зиёде, аз ҷумла, “Архипелаг ГУЛАГ”, “Чархи Сурх”, “Чаҳордаҳуми август” мебошад. Соли 1970 ӯ барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид. Александр Солженитсин баъди ихроҷ аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар ИМА мезист ва фақат соли 1994 имкон ёфт, ки дубора ба ватан баргардад.
XS
SM
MD
LG