Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Русия аз эҳтимоли ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ


Русия ҳушдор дод, ки Осетияи Ҷанубӣ дар остонаи як низоъи васеъмиқёси мусаллаҳона аст. Ҳукуматҳои Гурҷистон ва ин минтақаи ҷудохоҳи он ҳамдигарро дар афзоиши ташаннуҷ айбдор мекунанд. Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, амалкардҳои Тифлис умедҳои сулҳро баҳам мезанад. Дар ин байн минтақаи дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон -- Абхозистон эълом дошт, ки бо сабаби афзоиши ташаннуҷ миёни Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар гуфтушунидҳои сулҳи 15-уми август ширкат нахоҳад кард. Қарор аст, ин музокирот бо ширкати Олмон, Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар Берлин ба амал ояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG