Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мутахассиси таслиҳоти биологии ал-Қоъида


Ал-Қоъида, шабакаи густардаи террористӣ марги мутахассиси таслиҳоти шимиёӣ ва биологии хеш, Абухабаб ал-Масриро тасдиқ кард. Ҳақиқати санади 30-юми июл, ки аз тарафи раҳбари аршади ал-Қоъида дар Афғонистон имзо шудааст, ғайриқобили тафтиш аст, вале мақомоти покистонӣ низ мегӯянд, ал-Масрӣ рӯзи 28-умии июл бар асари зарбаи ҳавоӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ кушта шудааст. Иёлоти Муттаҳида барои боздошти Масриӣ 5 миллион доллар ҷоиза муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG