Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикордуздии афғонҳо дар мамнӯъгоҳи Дашти Ҷами Тоҷикистон


Ҳукумати ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки шаҳрвандони давлати ҳамсояи Афғонистон бо шикори ҳайвоноти нодир ба мамнӯъгоҳи Дашти Ҷам зиёни ҷуброннопазир мерасонанд. Ба гуфтаи ноиби раиси ин ноҳия, шикордуздони саропо мусаллаҳ бе ягон мушкилӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, ба ин аъмол даст мезананд ва ҷангалбонҳо ба онҳо мухолифат карда наметавонанд. Исломшоҳ Шоев меафзояд, наздик ба ними 20 000 ҳектор ҳудуди мамнӯъгоҳ ғайриқобили назорат шудааст ва агар ин раванд идома кунад, ба зудӣ мамнӯъгоҳ мақоми ҳофизи наботот ва ҳайвоноти нодир буданашро аз даст медиҳад.
XS
SM
MD
LG