Пайвандҳои дастрасӣ

12 куштаи инфиҷор дар шимоли Бағдод


Мақомоти ироқӣ мегӯянд, аз таркиши як мошини бомбгузоришуда дар шимоли Бағдод 12 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Инфиҷор дар соати пуриздиҳомӣ дар ноҳияи суннинишини Аъзамияи Бағдод ба вуқӯъ пайваст. Рӯзи 28-уми июл дар ду таркиши худкушона дар маросими мазҳабии шиъагони Бағдод 20 нафар ба ҳалокат расида буд. Ҳамчунин ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, дар садамаи автомобилӣ дар шимоли Бағдод як сарбози амрикоӣ кушта ва як сарбози дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин аввалин хабари ҳалокати сарбози амрикоӣ дар Ироқ дар моҳи август аст.
XS
SM
MD
LG