Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил марзро барои захмиёни Фатҳ боз кард


Тақрибан 200 тарафдори ҳаракати Фатҳ аз ҷониби Вазорати дифоъи Исроил барои гузариш ба хоки ин кишвар иҷоза гирифтанд.

Ин иҷоза пас аз он судур шудааст, ки дар як задухӯрди шадид дар Навори Ғазза миёни Ҳамос ва Фатҳ нӯҳ нафар кушта, ва наздики 60 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Намояндаи артиши Исроил гуфтааст, ба ҳини гузариш тарафдорони Фатҳ аслиҳаи худро ба замин гузоштаанд. Фаластиниёни маҷрӯҳро ба маризхонаҳои исроилӣ интиқол додаанд.

Вазорати дифоъи Исроил гуфтааст, иҷозаи убур ба ҷонибдорони Фатҳро ба далоили “инсондӯстӣ” судур кардааст. Ин иқдом дар пайи дархости пешвои ҳаракати Фатҳ Маҳмуд Аббос ва ҳукумати Миср сурат гирифтааст.

Намояндаи артиши Исроил гуфтааст, ҳангоме, ки онҳо фаластиниёнро аз сарҳад иҷозаи убур медодаанд, ба сӯи убуркунандагон оташ кушода шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки ин оташкушоӣ амали дасти тарафдорони Ҳамос мебошад. Дар ин оташкушоӣ 22 фаластинӣ ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG