Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти нерӯҳои амниятии Покистон дар водии Сувот


Ҳашт сарбози нерӯҳои амниятии Покистон дар таркиш бомба дар водии ноороми Сувот кушта шуданд. Инфиҷор дар маҳалли даргириҳо миёни нерӯҳои давлат ва ситезаҷӯёни исломӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳукумати Вилояти Шимолу Ғарби Марзии Покистон гурӯҳҳои тарафдори Толибон айбдор кард, ки дар ин минтақа як ҳолати ҳарҷу марҷ ва бедавлатиро ба миён овардаанд. Ин нерӯҳо 61 мактабро оташ зада, 17 000 наврасро аз таҳсил маҳрум кардаанд.
XS
SM
MD
LG