Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи Ҷанубӣ


Русия Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубиро ба хештандорӣ даъват кард. Ин ҳам дар ҳоле ки Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳамдигарро масъули хушунатҳои шаби гузашта медонанд, ки бар асари онҳо шаш нафар дар Осетияи Ҷанубӣ кушта шуд. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия гуфта мешавад, Маскав барои пешгирӣ аз афзоиши ташаннуҷ ва табдили он ба низоъи мусаллаҳона аз "чораҳои қавӣ" кор хоҳад гирифт. Ташаннуҷ миёни Тифлис ва минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар ҳоле густариш меёбад, ки Русия гуфтааст, равобиташро бо ин ду минтақа таҳким хоҳад дод. Гурҷистон гуфтааст, ҳарду минтақаро зери назорати худ боз хоҳад гардонд.
XS
SM
MD
LG