Пайвандҳои дастрасӣ

Назархоҳии қонуни интихоботи зудрас дар Латвия


Мардуми Латвия дар як назархоҳии умумӣ масъалаи ҳаққи мардум дар лағви порлумон ва эълони интихоботи зудҳангомро муайян мекунанд. Ин пешниҳод мавриди пуштибонии аҳзоби мухолиф аст, ки онро роҳи назорат бар раҳбарони сиёсии худхоҳ меномад. Аммо ҳукумати эътилофии чаҳор ҳизби дигар таҳти сарварии Иварс Годманис ба ин таҳр мухолиф аст. Агар қонун пуштибонӣ ёбад, гирдоварии аз даҳ як ҳиссаи раъйи интихобкунандагон кофист, ки порлумон пароканда ва интихоботи нав эълон гардад. Барои тасвиби ин пешниҳод бояд ба камияш ними интихобкунандагони Латвия аз он пуштибонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG