Пайвандҳои дастрасӣ

Шарти нави ҳаҷ барои зоирони тоҷик


Мақомоти Арабистони Саъудӣ аз Тоҷикистон хостаанд, сафари имсолаи ҳаҷро танҳо бо ҳавопаймоҳои навъи "Боинг" анҷом бидиҳад. Ин мақомот гуфтаанд, ҳавопаймоҳои сохти русӣ ба талаботи фаннии фурудгоҳҳои Саъудия ҷавобгӯ нестанд. Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон танҳо ду ҳавопаймои навъи "Боинг" дошта, аксари ҳавопаймоҳои он тавлиди Русия мебошанд. Имсол қарор аст, 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сафари ҳаҷ анҷюом бидиҳад ва нозирон мегӯянд, корбасти ду ҳавопаймо дар интмиқоли ин теъдод зоир кофӣ нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG