Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Ҳомид Карзай ба Покистон


Сарони Осиёи Ҷанубӣ дар мулоқоте дар Шри Лонкоба фаъолиятҳои ҳамоҳанг дар ҷилавгирӣ аз терроризм даъват карданд. Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай, дар муроҷиат ба сарони Анҷумани Ҳамкориҳои Минтақаии Осиёи Ҷанубӣ гуфт, терроризмдар минтақа, махсусан дар Покистон аз пуштибонии ниҳодӣ бархӯрдор аст. Дар суханроние, ки барои аксарият ба ҳайси ҳушдор ба Исломобод садо додааст, Карзай гуфт, ҳоло бояд дарк кард, ки истифодаи тундгароёну ситезаҷӯён ба ҳайси иҳроми сиёсат дар пайи аҳдофи танги геополитикӣ суди дарозмуддат надорад. Карзай Исломободро масъули таркиши худкушонаи назди сафорати Ҳиндустон номид, ки бар асари он 60 нафар кушта шуд, Исломобод ин иттиҳомро рад кард.
XS
SM
MD
LG