Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телефони бесим омад


Дар Хоруғ - маркази вилояти Бадахшон стансияи алоқаи телефонии бесим ба фаъолият шурӯъ кард.

Сардори бахши вилоятии ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» Сафар Мулкамонов изҳор дошт, ки таҷҳизотро як ширкати чинӣ мавсум ба ЗТИ дар ихтиёри муассиса қарор дода, мутахассисони чинӣ ва бахши вилоятии «Тоҷиктелеком» онро насб намудаанд. Ба гуфтаи сардори бахши вилоятии «Тоҷиктелеком», фаъол шудани ду дастгоҳи алоқаи мавҷӣ ба кулли хоҳишмандон дар маркази вилоят имконияти баҳрабардорӣ аз телефони бесимро фароҳам сохтааст. Сардори муассиса баён дошт, ки алҳол, бахши вилоятии «Тоҷиктелеком» ба 5,5 ҳазор нуқтаи телефонии симини ашхоси воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ҳизмат мерасонад ва онҳо интизор доранд, бо назардошти бартарияти алоқаи телефонии бесим ба ҷалби таваҷҷӯҳи аксарияти мизоҷон ба ин навъи алоқа муваффақ хоҳанд шуд.

Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Худобердиев ҷиҳати кӯҳнашавии хутути алоқаи телефонӣ тез- тез аз кор мондани нуқтаҳои телефон дар манозили шаҳрвандон ва идораҳоро як мушкилоти шаҳрдорӣ арзёбӣ намуда гуфт, ки бо эҷоди рақобат ва имконияти интихоб сифати хизматрасонӣ беҳтар хоҳад шуд.

«Тоҷиктелеком» мегуяд, ки рӯҳои наздик дастгоҳи алоқаи таелефони бесимро дар ноҳияи Ванҷ фаъол месозанд.

«Тоҷиктелеком» ҳамчунин ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи мизоҷон дар кӯча намоиш ва фурӯши телефонҳои навъҳои гуногуни телефонии бесимро баргузор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони бахши вилоятии «Тоҷиктелеком» дар маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба идомаи сохтмони хати нахӣ-нурӣ сар карданд. Мутахассисони «Тоҷиктелеком» изҳор медоранд, ки анҷоми сохтмони хат барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии алоқаи телефонӣ ва густариши барномаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG