Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати панҷ сарбози НАТО дар Афғонистон


Панҷ сарбози НАТО аз инфиҷори як бомб дар вилояти Кунари Афғонистон ба ҳалокат расиданд ва дар як ҳодисаи дигари ҳамсон панҷ корманди полиси Афғонистон кушта шудаанд. Фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ мансубияти сарбозони кушташудаи НАТО-ро хабар надод, вале гуфта мешавад, яке аз онҳо тарҷумон будааст. Дар таркиши дигар дар вилояти Хост як сарбози дигари Нерӯҳои Байнулмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон кушта шуда, рӯйдодҳои ахир нишонаҳои нигаронкунандаи бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG