Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо Ҳиндустон мусовӣ кард


Рақиби дуввуми мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми чолиши Осиё, ки дар шаҳри Ҳайдаробод ҷараён дорад, мизбони сабқат - мунтахаби Ҳиндустон буд.

Баргирифташуда аз ФутболТҶ


Қабл аз бозӣ


Қабл аз бозӣ Боб Хютон, сармураббии Ҳиндустон эълон кард, ки беҳтарин бозигар ва капитан Байчунг Бҳутияро ба муқобили Тоҷикистон ба майдон намебарорад. Сармураббии англиси Ҳиндустон гуфта буд, Бҳутия дар бозӣ бо Афғонистон ҷароҳат бардоштааст ва аз ин рӯ ӯро истироҳат хоҳанд дод, то баъдан ба муқобили Туркманистон ба майдон бароранд. Ҳиндиҳо гумон карданд, ки бидуни бозигари аслияшон низ Тоҷикистон барояш фатҳ хоҳад шуд. Сармураббияшон мегуфт, дар бозии Тоҷикистон – Туркманистон танҳо ба бозигарони тоҷик ва ба тактикаву маҳорати онҳо нигаристааст.


Пӯлод Қодиров бошад, ҳиндиҳоро ҳушдор дод, ки Тоҷикистонро на аз рӯи бозияш бо Туркманистон баҳо диҳанд, зеро дар майдон ба муқобили Ҳиндустон тоҷикон дигар гуна бозӣ хоҳанд кард.


Бозӣ


Ҳақиқатан ҳам, дар майдон ба муқобили Ҳиндустон тоҷикон бозиро ба гунае дигар оғоз карданд.


Ҳайъати Тоҷикистон:
Алишер Туйчиев (автогол), Даврон Тухтасунов, Нӯъмон Ҳакимов, (Ҷаҳонгир Ҷалилов 86 (корти зард), Юсуф Рабиев (гол), Самад Шоҳзуҳуров, (Соҳиб Саванқулов 67), Фатҳулло Фатҳуллоев, (Ҷомӣ Муҳиддинов 74), Анвар Норқулов, Далер Тухтасунов (корти зард), Зафар Зубайдов, Эраҷ Раҷабов ва Даврон Эргашев


Ҳанӯз дақиқаи чаҳорум буд, ки Даврон Тухтасунов тӯб зери по сӯйи дарвозаи Субрата Пол шитофт, ҳимоятгарони ҳиндӣ бо азобе тӯбро аз ӯ гирифтанд, вале ҳамон лаҳза Нӯъмон Ҳакимов, ки ин навбат аз дақоиқи аввал ба майдон баромада буд, боз ба тӯб соҳиб шуда, зарба зад. Зарбааш баргардонида шуд. Ҳамагӣ ду дақиқа пас Фатҳуллоев метавонист аз иштибоҳи дарвозабони ҳиндӣ истифода барад, агар ҳимоятгари мизбонон дарвоза ва дарвозабонро наҷот намедод. Вале ин гуна фишор наметавонист бе гол анҷомад, ва аллакай дар дақиқаи 11-ум Юсуф Рабиев, беҳтарин голзани Тоҷикистон дар сабқатҳои Ҷоми чолиш нахустин голи Тоҷикистон дар Ҳайдарободро зад. Даврон Тухтасунов, ки ҳамаи ин лаҳазот кунҷи рости ҷаримагоҳи ҳиндиҳоро соҳибӣ кард, ин навбат низ аз рост ба ҳамла гузашта, тӯбро ба Юсуф дод ва дарвозабони Ҳиндустон дар баробари зарбаи Юсуф бечора монд. Ин голи ҳаштуми Юсуф Рабиев дар сабқатҳои Ҷоми чолиш буд.


Ҳиндустон, ки ин гуна оғозро интизор набуд, ҳимояро ба кӯйи фаромӯшӣ супорида, девонавор ба ҳуҷум гузашт. Алишер Тӯйчиев, ки дар бозии якум бо Туркманистон наҷотгари аслии Тоҷикистон буд, дар дақиқаи 22-ум иштибоҳе кард, ки қариб буд, бо гол анҷомад. Ӯ каме пеш баромад, ва яке аз бозигарони ҳиндӣ ба сӯйи дарвозаи тоҷикон партоб кард, ва Чҳетрӣ ном бозигари дигареро боистӣ, ки танҳо по бар тӯб мегузошт. Хушбахтона, пояш ба тӯб нарасид.


Дар ин лаҳазот ҳиндиён ҳимояи дарвозаи худро фаромӯш карда буданд ва Тоҷикистон метавонист аз ин имкон фаровон истифода барад. Вале ҳар бор бахти Самад, Фатҳулло ва Даврон Тухтасунов омад намекард. Қисми аввал бо бартарии нисбии Тоҷикистон гузашт. Тоҷикистон як гол зад ва як корти зард (Далер Тухтасунов) гирифт.


Қисми дуввум


Боб Хютон чун дид, ки бозӣ на ба табъаш ҷараён дорад, капитани маҷрӯҳаш, Байчунг Бҳутияро ба майдон баровард. Ва капитан дар дақиқаи дуввуми ба майдон баромаданаш бо нахустин нимколатамосаш бо тӯб ҳисобро баробар кард... Иштибоҳи Алишер Тӯйчиев ба дарвозаи Тоҷикистон гол овард. Аммо на танҳо бояд Алишерро мазаммат намуд, ҳимоятгарон, нимҳимоятгарон чӣ кор мекунанд? Чаро онҳо мегузоранд, ки бозӣ дар назди майдони Алишер гузарад? Расман гол ҳамчун автогол ба исми Алишер Тӯйчиев навишта шуд.


Юсуф Рабиев дар авохири дақоиқи 60-ум чанд шонс дошт. Вале шонсҳое, ки ҳиндиён баъдтар доштанд, ба маротиб хатарноктар буданд. Дар дақиқаи охирин бошад, наздик буд, ки Далер Тухтасунов гол мезад...ба дарвозаи худ...Шамсуззамон Таййиб Ҳасан, довари бангладешӣ чаҳор дақиқа илова намуд. Аммо ҳисоб ҳамон як бар як боқӣ монд.


Пас аз бозӣ


Пас аз бозӣ ёвари Пӯлод Қодиров, Мубин Эргашев гуфт, Тоҷикистон ду холро аз даст дод ва гунаҳгор ҳам дарвозабон мебошад, ки гол овард ва бозигарон, ки нимаи майдонро зери назорат надоштанд.

Боб Хютон бо қаноат аз бозии бозигаронаш гуфт, Ҳиндустон мехост ва метавонист, ки пирӯз шавад, вале ба Тоҷикистон танҳо як хол лозим буд ва тоҷикҳо онро гирифтанд. Боб Хютон боз гуфт, мехоҳад дар бозӣ бо Туркманистон пирӯз шаванд ва дар садри гурӯҳ қарор гиранд, то дар бозии нимниҳоӣ на бо Кореяи Шимолӣ бозӣ кунанд.


Хабарнигорони ҳиндӣ беҳтарин баҳо (7)-ро ба дарвозабонашон Субрата Пол ва капитанашон Байчунг Бҳутия доданд, ки барояшон мусовӣ оварданд.


Дар ҳайъати Тоҷикистон пасттарин баҳо насиби Ҷаҳонгир Ҷалилов (5), Ҷомӣ Муҳиддинов (5,5) ва Алишер Тӯйчиев (5,5) гардид. Дарвонҷон Тухтасунов беҳтарин бозигари ин бозӣ дониста шуд бо баҳои 8. Самад Шоҳзуҳуров ва Даврон Эргашев низ хуб бозӣ карданд. Соҳиб Саванқулов низ, ки Самадро иваз кард, хуб бозӣ намуд.


Ҳамакнун, дар даври охирин Тоҷикистонро лозим аст, ки бар Афғонистон бо ҳисоби калон пирӯз шавад ва мунтазири натиҷаи бозии Туркманистон-Ҳиндустон бимонад.

XS
SM
MD
LG