Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи Рӯдакӣ ба Душанбе оварда шуд


Муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.

Хабаргузории давлатии «Ховар» навиштааст, сохтани муҷассамаи Одамушуаро ба муносибати ҷашни 1150-солагияш аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе дар Маскав фармоиш шуда буд.

Муҷассамаи Рӯдакиро ҳайкалтароши рус Александр Рукавишников сохтааст. Муҷассама биринҷӣ буда, баландиаш 7 метр аст.

Муҷассамаи шоир рӯзҳои наздик дар Боғи устод Рӯдакӣ гузошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG