Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаи назорати таъсисоти ҳастаии Ҳинд дар Вена


Муҳаммад Албародаӣ, раиси Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ, гуфт, нақшаи назорати таъсисоти ҳастаии Ҳиндустон ҷавобгӯйи меъёрҳои байнулмилалист ва акнун музокирот пиромуни тартиби анҷоми ин назорат оғоз ёфтааст. Ин ҳарфҳои Албародаӣ имрӯз дар Вена дар оғози нишасти ҳуккоми Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ баён шуданд. Интизор меравад, чун ин барнома аз ҳимояти Муҳаммад Албародаӣ бархӯрдор аст, мавриди тасвиб низ қарор гирад. Тасвиби ин барнома аз сӯйи ожонс пешшарти қарордоди зидду нақизе буд, ки ба Ҳиндустон ва Амрико дар муомилаи ҳастаӣ роҳ мекушояд. Ин муомила дари бозорҳои ҷаҳонии фанноварӣ ва сӯхти атомӣ бо ҳадафи сулҳомезро низ ба рӯйи Ҳиндустон боз хоҳад кард. Бар асоси ин барнома, 14 реактор аз 22 реактори Ҳиндустон таҳти назорати бозрасони Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG