Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исломод иттиҳомот алайҳи ISI-ро рад кард


Покистон имрӯз гузориши "Ню Йорк Таймс"-ро, ки мегӯяд, Идораи иктишофии Покистон дар тарроҳии бамгузорӣ дар сафорати Ҳиндустон дар Кобул даст доштааст, рад кард. Ин бамгузорӣ рӯзи ҳафтуми июл рух дод ва дар натиҷаи он панҷоҳу чор нафар, аз ҷумла як маъмури вазорати дифоъи Ҳиндустон кушта шуданд. Муҳаммад Сиддиқ, сухангӯйи вазорати умури хориҷии Покистон, ин иттилоъро, ки бидуни овардани номе аз қавли мақомоти иктишофии Амрико нашр шудааст, комилан беасос ва музахрафот хонд. Нашрияи “Ню Йорк Таймс” навишта буд, ки мақомоти амрикоӣ тамоси байни ҳамлагарон ва маъмурони иктишофии Покистон пеш аз оғози ҳамла ба сафорати Ҳиндустон дар Кобул қатъ кардаанд. Қаблан, мақомоти Ҳиндустон ва Афғонистон низ Идораи иктишофии Покистонро дар ин таркиш муттаҳам карда буданд.
XS
SM
MD
LG