Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунат дар Афғонистон ба “бадтарин ҳад” расид


Як гурӯҳи муташаккил аз созмонҳои ёрирасон эълом карданд, ки мизони хушунат дар Афғонистон ба бадтарин ҳад аз ҳангоми суқути режими Толибон дар соли 2001 то кунун расидааст. Ин гурӯҳ, ки иборат аз 100 созмони ғайридавлатӣ ва байнулмилалӣ мебошад, гуфтааст, ки аз оғози соли равон то кунун дар Афғонистон ҳамлаҳои шӯришиён, бомбгузориҳо ва ҳамингуна ҳодисаҳои хушунатбор дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 50 дарсад афзун шудааст. Дар ин гузориши гурӯҳи ёрирасон ҳамчунин ёд шудааст, ки танҳо дар идомаи соли равон 2 ҳазору панҷсад нафар, аз ҷумлаи ҳазор сокини осоишта дар низоъҳои Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG