Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонаи расмии Конфедеросюни футболи Осиё назарсанҷии онлайне дар мавриди сабқати Ҷоми даъвати Осиё гузаронида истодааст.

Сомонаи расмии AFC аз боздидкунандагонаш пурсидааст, ки ба андешаашон, Ҷоми даъватро кӣ ба даст меорад? Ҳиндустон? Тоҷикистон? Кореяи Шимолӣ? Ё кишваре дигар?

Дар лаҳазоте, ки ин хабар навишта мешуд, аксаран (беш аз 46 %) Кореяи Шимолиро барои пирӯзӣ ҳадс мезаданд. Ба назари беш аз 21 %, Ҳиндустон Ҷомро ба даст хоҳад овард. Тақрибан 19 % бар зидди ҳар сеи мунтахаби дар феҳрас оварда шуда раъй додаанд. Ва ҳамагӣ каме бештар аз 12 % гуфтаанд, ба андешаашон, Тоҷикистон қаҳрамони Ҷоми даъват хоҳад шуд.

Воқеан, имрӯз, якуми август, соати 18:00 ба вақти Душанбе мунтахаби Тоҷикистон бозии дуввуми худро дар ин сабқат бо мизбонон – мунтахаби Ҳиндустон баргузор менамояд.

Ягона блоги варзишӣ бо забони тоҷикӣ ФутболТҶ бозии нахустини Тоҷикистон алайҳи Туркманистонро онлайн шарҳ дода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG