Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии нахустини Караҷич


Радован Караҷич, раҳбари сербҳои Босния барои нахустин бор дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомӣ, воқеъ дар Гаага бозпурсӣ шуд.

Додгоҳ иттиҳомот алайҳи Караҷичро эълон кард ва раҳбари сербҳои Босния бояд ё ба гуноҳаш иқрор мекард, ё барои ошноӣ бо ҷузъиёти иттиҳомот вақт мегирифт.

Дар оғози мурофиа Алфонс Орие, додраси Додгоҳи Гаага зимни ироаи иттиҳомот гуфт, Караҷич барои ҷиноёти низомӣ ва наслкушӣ дар давраи ҷанг дар Босния дар солҳои 90-уми қарни гузашта, аз ҷумла, куштори мардуми осоиштаи шаҳри Сребренитса муттаҳам мешавад:

“Дар иттиҳомот гуфта шудааст, ки нерӯҳои сербҳои Босния моҳи июли соли 1995 ҳазорон шаҳрвандонро дар минтақаи Сребренитса ва атрофи он ба қатл расониданд. Дар айбнома ҳамчунин омадааст, ки ҳазорон мусалмон баъд аз боздошт дарҳол аз сӯи нерӯҳои серб кушта шудаанд”.

Тавре, ки интизор мерафт, Радован Караҷич аз эътирофи ҳам Додгоҳи Гаага ва ҳам айби худ сарпечӣ кард ва гуфт, дар мурофиа ӯ аз худаш дифоъ мекунад. Тайи 30 рӯзи оянда Караҷич бояд бо ҷузъиёти иттиҳомот ва асноди парванда ошно шавад ва ба суоли “Худро гунаҳкор мешуморад ё не?”, посух бигӯяд. Ӯ агар бо айбнома мувофиқ бошад, ҳукмаш ба зудӣ эълон хоҳад шуд ва аммо агар розӣ набошад, мурофиа моҳҳо тӯл хоҳад кашид. Коршиносон ҳадс мезананд, ки Караҷич бо тавсияи ҳуқуқдонҳо, айбро ба гардан намегирад, яъне, бояд ҳукми додгоҳро моҳҳо интизор шуд.

Радован Караҷич тақрибан ду ҳафта пеш боздошт ва шоми чаҳоршанбеи гузашта ба Додгоҳи ҷиноёти низомии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Югославияи собиқ интиқол дода шуд. Ӯ дар ҳоле дар мурофиа ширкат кард, ки ришу мӯйлабашро покиза тарошида буд. Зимнан, ӯ бо ин ришу мӯйлаб, ки чеҳраашро комилан тағйир дода буданд, тайи 12 сол дар як бемористони хусусӣ дар канори шаҳри Белград кор мекард.

XS
SM
MD
LG