Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони вазъи изтирорӣ дар 6 вилояти Укроин


Порлумони Укроин дар нишасти ғайринавбатии худ барои рафъи паёмадҳои обхезӣ дар манотиқи ғарбии кишвар 1 миллиарду 200 миллион доллар тахсис дод. Верховная Рада ҳамчунин дар 6 вилояти аз обхезӣ осебдида вазъи изтирорӣ эълон кард.

Тибқи иттилоъи ахир, бар асари ин офати табиӣ дар Укроин 30 нафар ба ҳалокат расиданд. Даҳҳо ҳазор нафар бесарпаноҳ мондаанд. Юлия Тимошенко, сарвазири Укроин гуфт, ки обхезӣ ба кишвар ба малбағи аз 650 то 850 миллион доллар хисорот ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG