Пайвандҳои дастрасӣ

Пазируфта шудани Созиши Лиссабон аз сӯи Италия


Италия Созиши Лиссабон оид ба ислоҳоти сохтории Иттиҳодияи Аврупоро пазируфт. Палатаи поёнии порлумони кишвар якдилона ба пуштибонӣ аз ин санад раъй дод. Италия 24 умин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупост, ки Созиши Лиссабонро тасвиб кардааст. Барои ба ҳукми қонун ворид шудани ин санад, ки онро Қонуни асосии Иттиҳодияи Аврупо низ мехонанд, бояд ҳама кишварҳои узв раъй диҳанд. Ёдовар мешавем, қаблан сокинони Ирландия дар референдум алайҳи ин созиш овоз дода буданд. Бо вуҷуди ин, раванди тасвиби ин санад дар дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо идома дорад.

XS
SM
MD
LG