Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатъи кори бахши руминии RFE/RL


Президенти Руминия Траян Басеску (аз чап) ҳангоми тақдими Ҷоизаи олии фарҳангӣ ба президенти RFE/RL Ҷеффрӣ Гедмин дар Бухорест, 30 июли соли 2008.

Президенти Руминия Траян Басеску (аз чап) ҳангоми тақдими Ҷоизаи олии фарҳангӣ ба президенти RFE/RL Ҷеффрӣ Гедмин дар Бухорест, 30 июли соли 2008.

Normal 0

Президенти Руминия, Траян Басеску дар як маросими мутантан дар Бухорест, ба Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ва ҳамчунин радиои Би-Би-Си ҷоизаи олии фарҳангии Руминияро тақдим кард.

"Ин нишони эътироф ва арҷгузории заҳмати 50-солаи ду расона дар мубориза барои ҳақиқат аст." Гуфт ҷаноби Басеску ва кори журналистони ҳарду расонаро қаҳрамонӣ номид.

Президенти Руминия ҷоизаҳоро ба раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Ҷефрӣ Гедмин ва раҳбари бахши руминии Би-Би-Си, Разван Скортӣ супурд. Ҷаноби Гедмин онро ҷоизаи садҳо нафар аз хабарнигорон, муҳаққиқон ва таҳлилгарони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ номид, ин ҳам дар ҳоле ки аз якуми август фаъолияти бахши руминии ин расона қатъ мешавад.

Бахши руминии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ барномаҳои худро дар 14-уми июли соли 1950 шурӯъ карда, дар чандин ҳодисаи сарнавиштсози Руминия бо пахши иттилоъи бидуни сонсур нақши муҳим бозидааст ва имрӯз поёни кори худро журналистони ин радио ҳамчун муваффақияти Руминия дар ислоҳоти демократӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG